Ҳукми додгоҳ 19 апрел содир шудааст. Тибқи маводи парванда, ҳодиса ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2023 рух додааст.
Ба гуфтаи зан, мард, ки дар канори ӯ нишаста буд, аз хоб будани вай истифода бурда, ба баданаш даст расондааст. Зан ҳамчунин зидди маъмури пулис, ки он замон нисбат ба марди гумонбар А.Р. чора наандешид, шикоят кардааст.
Гумонбар гуфтааст, дасти ӯ ба бадани зан нохост расида буд.
Додгоҳ мардро дар "Майдаавбошӣ" ва "Озори ҷинсӣ" айбдор эълом ва 15 рӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.