Ссылки доступа

Райимбек Матраимов ду моҳи дигар дар ҳабс мемонад


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 22 апрел муҳлати ҳабси муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимовро ду моҳи дигар дароз кардааст.

Бино ба хабари расонаҳо, муҳлати ҳабс бо дархости муфаттишон то 26 июни имсол тамдид шудааст.

Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон дар доираи парвандаҳои "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" гумонбар мешавад.

Се бародари Матраимов - Руслан, Тилек ва Исломбек ҳам ба ҳабс гирифта шудаанд.

Райимбек Матраимов дар солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти рӯзноманигории вобаста ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Матраимовро дар моҳи октябри соли 2020 ба фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.

XS
SM
MD
LG