Ссылки доступа

Дар ғарби Қазоқистон вазъи обхезӣ баъди партоби об дар Русия бадтар шудааст


Дар ғарби Қазоқистон вазъи обхезӣ дар пайи партоби об аз обанбори Ириклини Русия бадтар шудааст. Дар ин бора вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод.

Ин вазорат мегӯяд, дар вилоятҳои Атирау, Қазоқистони Ғарбӣ ва Қазоқистони Шимолӣ бартарафсозии оқибатҳои обхезӣ идома дорад.

Вазъ дар вилоятҳои Абай, Улитау, Павлодар, Қарағанда, Акмола ва Костанай муътадил шудааст. Ба иттилои мақомоти ҳолатҳои фавқулода, сатҳи об дар дарёҳо поён меравад.

XS
SM
MD
LG