Ёдгорой Махмалиева ва аъзои оилааш чаҳор сол пеш дар як минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Бар асари омадани ярч хонаи онҳо пур аз сангу хок ва вайрон шуд. Як муддат дар хайма зиндагӣ карда, баъди як соли фалокати табиӣ ба деҳаи навбунёд дар ноҳияи Хуросон кӯчиданд.
“Аллакай чаҳор сол шуд, ки дар инҷо зиндагӣ дорем. Ин ҷо нағз аст, об дорад. Роҳро мумфарш карданд. Дар наздикии хона нуқтаи тиббӣ аст. Мактаб барои фарзандону набераҳо қариб аст,” – нақл кард Ёдгорой Махмалиева.
Ӯ ва шавҳару фарзандонаш лаҳзаи даҳшатбори зери хоку лой мондани хонаи пешинаро ҳамеша ба ёд меоранд. Ҷамолиддин Махмалиев, шавҳари Ёдгорой, гуфт: “Дар натиҷаи боридани борон хоку лою ярч фаромада, хонаҳои моро зер кард. Як ҳафта муҳлат доданд. Ҳар чизеро, ки имкон дошт, кандаву ба инҷо овардем.”
Фалокатҳои табиӣ ва хатари омадани селу ярч мисли ин хонавода садҳо нафарро водор кардааст, ки аз минтақаҳои хатарбор ба ноҳияҳои дигар бикӯчанд. Барои гурӯҳе аз ин муҳоҷирони дохилӣ ё экологӣ дар ҷануби Тоҷикистон хонаҳои хоксорона сохтаанд. Мардум ҳам ба зиндагӣ дар ҷойи нав то ҷое одат кардаанд.
Мӯниса Махмалиева, набераи Ёдгорой ва Ҷамолиддин, мегӯяд, “ҷои пешина аз мактаб дур буд. Вақти зиёдро дар роҳ ба мактаб сарф мекардем. Дар инҷо метавонем аз хоб дер хезем, дарсҳоямонро тайёр карда, баъд ба мактаб равем. Ба имтиҳонҳои давлатӣ тайёрии хуб бинем.”
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2017-ум 45 ҳазор нафар ба минтақаҳои бехатар кӯчонда шудаанд. Даҳҳо ҳазор хонаводаи дигар дар навбатанд. Масъулон мегӯянд, дар кишвар беш аз сад минтақаи хатарбор барои зиндагӣ ҳаст, ки бояд сокинон аз ин маконҳо кӯчонда шаванд.
Муродбек Муродов, масъули Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Хуросон, гуфт, “дар деҳаи 30-солагии Истиқлол 67 манзил сохта, зиёда аз 900-920 сокини деҳаи Неъматулло Асадуллоро, ки дар минтақаи хавфнок ҷойгир буд, ба ҷойи навбунёд кӯчондем.”
Ба иттилои расмӣ, танҳо дар соли 2023 дар Тоҷикистон беш аз 550 офати табиӣ рух дода, 51 нафар ҷон бохтаанд. Дар гузориши имсолаи Созмони Милал дар бораи тағйирёбии иқлим Тоҷикистон кишвари осебпазиртарин дар Осиёи Марказӣ гуфта шудааст.
Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, аз соли 1992 то 2019 дар пайи офатҳои табиӣ кишвар беш аз 1,8 миллард доллар зиён дидааст. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста аз хисороти зиёди молии офатҳои табиӣ ибрози нигаронӣ мекунад. Сокинон дар гузашта аз камтаваҷҷӯҳии мақомот шикоят доштанд.