Ба иттилои маркази матбуотии президенти Қирғизистон, ин ду мақомдор "барои ба таври бояду шояд назорат накардани зердастонашон" танбеҳ гирифтаанд. Танбеҳи онҳо дар натиҷаи санҷиш аз сӯи комисияи дастгоҳи президент эълом шудааст.
Комисия ошкор кардааст, ки бархе аз кормандони мақомоти додситонӣ ба кори Комисияи масоили иҷозатномадиҳии назди Вазорати захираҳои табиӣ дахолат кардаанд.