Ссылки доступа

Дар Олмон 7 зодаи ОМ ба терроризм муттаҳам мешаванд


Додситонии федеролии Олмон зидди 7 зодаи Осиёи Марказӣ бо гумони таъсиси гурӯҳи террористӣ, иштирок дар фаъолияти он ва пуштибонӣ аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИ) айб эълом кардааст.

Дар ин бора сомонаи расмии додситонӣ хабар додааст.

Хабаргузории "Газета.уз" иттилоъ дода, ки гумонбарон ҳанӯз тобистони соли гузашта дар Рейн-Вестфалияи Шимолӣ, дар ғарби Олмон боздошт шуда буданд ва то ба ҳол дар ҳабс қарор доранд.

Панҷ каси боздоштшудаҳо аз Тоҷикистон мебошанд. Ҳамроҳи онҳо як туркманистонӣ ва як қирғизистонӣ низ ҳаст. Додситонӣ гуфтааст, гумонбарон "ҳамдигарро муддати тӯлонӣ мешиносанд ва ақидаҳои ифротӣ доранд".

Онҳо баҳори соли 2022 аз Украина ба Олмон рафта, гӯиё барои анҷоми ҳамла гуруҳи террористӣ ташкил кардаанд. Гумонбарон ҳангоми боздошт нақшаи дақиқи ҳамларо доштаанд ва ҳамзамон бо аъзои шохаи "Хуросон"-и ДИ дар Афғонистон дар тамос будаанд.

XS
SM
MD
LG