Дар ҳукумати ноҳия ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, шаби гузашта дар деҳа чандин мошин ва як бинои ёрирасонро оташ задаанд.
Пеш аз ин ҳодиса, дар бораи таҷовуз шудани як духтари ноболиғ дар Загамбар хабар дода шуда буд. Ба иттилои пулис, бо гумони таҷовуз ба номус як сокини ҳамин деҳа боздошт шудааст ва ӯ низ ноболиғ мебошад.
Дар робита ба оташ задани мошинҳо низ парванда боз ва тафтишот шуруъ шудааст.
Дар Раёсати корҳои дохилии Туркистон гуфтанд, ки гумонбарон дар оташ задани мошинҳоро муайян ва дастгир кардаанд. Вале гуфта намешавад, ки онҳо чанд нафаранд.
Телеграм-канали "Kozachkov offside" хабар дода, ки пулис ба хотири пешгирӣ аз рух додани ҳодисаҳои дигар деҳаро таҳти назорат гирифтааст.
Деҳаи Загамбар 5100 аҳолӣ дорад ва аксари онҳо узбектаборон ҳастанд.