Ссылки доступа

"Гурӯҳи 24" мегӯяд, 8 узви ин созмони мухолиф дар Рум дастгир шудаанд


“Гурӯҳи 24” мегӯяд, ҳашт узви ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел дар шаҳри Рум дастгир шудаанд ва аз пулиси Италия мехоҳад, ки онҳоро зудтар раҳо кунад.

Масъулони созмон рӯзи 24-уми апрел дар баёнияе гуфтанд, ин афрод ба ташкили тазоҳуроти зидди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази Италия рафта буданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми апрел бо сафари расмӣ дар ин кишвари аврупоӣ қарор дорад. Вай то ин дам бо сарвазир ва президенти Италия мулоқот карда, байни ду кишвар ҳафт санад, аз ҷумла созишнома дар мавриди ҳамкории амниятӣ, имзо шудааст.

Масъулони "Гурӯҳи 24" мегӯянд, эҳтимол аъзои дастгиршудаи онҳо то поёни сафари Эмомалӣ Раҳмон дар боздошт бимонанд. Баъзе аз расонаҳои Италия навиштанд, ки ӯ 26-уми апрел ба Ватикан хоҳад рафт.

Ҳусейн Ашӯров, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари “Гурӯҳи 24”, мегӯяд, ҳашт узви созмони онҳоро пулиси Италия дар назди қасри президент ва замоне дастгир кардааст, ки мунтазири берун шудани Эмомалӣ Раҳмон буданд. Шарҳи пулиси Италия феълан дастрас нест.

"Пулис телефон ва санадҳояшонро гирифта, баъд як муддат барои тамос баргардондааст. Яке аз боздоштшудаҳо занг зад ва гуфт, ки онҳоро дастгир карданд. Хабари дигаре аз онҳо нест," – афзуд Ашӯров.

Баъзе аз намояндагони мухолифон рӯзи 22-юми апрел ба зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Литва тазоҳурот карда, дар эъломияе аз ҳукумати Италия ва кишварҳои дигари аврупоӣ хостанд, ки аз қабули раҳбарони худкома, аз ҷумла раиси ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Италия дар баробари Олмону Лаҳистон ва кишварҳои дигари аврупоӣ макони кору паноҳандагии баъзе аз зодагони Тоҷикистон аст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо ҳамтояш дар Италия рӯзи 23-юми апрел онҳоро “баъзе аз ҷинояткорон” номидааст, ки ба гуфтаи ӯ “бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ пинҳон гаштаанд”. "Ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани шахсони мазкур мусоидат намояд," -- гуфта шудааст дар хабари расмии ВКД-и Тоҷикистон.

Пулиси Италия рӯзи 8-уми апрел як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми терроризм ва узвият дар гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дастгир кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Илҳом Сайраҳмонзодаи 32-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ аз соли 2018 "дар ҷустуҷӯ қарор дошт" ва талош доранд ба Душанбе истирдод шавад.

XS
SM
MD
LG