Додгоҳ Арановаро 120 ҳазор сом ҷарима баст ва аз ҳабс озод кард.
Каникей Арановаро 1 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскави Русия боздошт карда буданд. Баъди боздошт ӯро ҳамроҳ бо духтари 11-солааш ба Қирғизистон истирдод карданд.
Ин дар ҳолест, ки Арановаро моҳи октябри соли 2022 ба ҷавобгарӣ кашида буданд. Он замон вай зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод навишта буд. Соли 2022 ӯро бо қарори додгоҳ ба 30 соати корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда буданд. Вай дар "майдаавбошӣ" айбдор шуда буд.
Мақомоти Қирғизистон моҳи октябри соли 2022 чанд сиёсатмадор, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятиеро боздошт карда буданд, ки зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод мавқеъ гирифта буданд. Дар маҷмуъ он замон 30 кас боздошт шуда буд. Мақомоти Қирғизистон қисме аз онҳоро баъдтар аз ҳабс озод карданд.
Мақомоти Қирғизистон ин гуруҳро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" айбдор мекарданд. Дертар бархе аз ин боздоштшудаҳо дар омодагӣ ба "ғасби худсаронаи ҳукумат" айбдор шуданд.
Чанд созмони байналхалқӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ба ҷонибдорӣ аз боздоштшудаҳо изҳорот пахш карданд. Созмонҳо аз ҳукумати Қирғизистон хостанд, ки парвандаи маъруф ба "Кампиробод"-ро холисона баррасӣ кунанд. Худи боздошт ва ҳабсшудаҳо ин парвандаро таъқиби сиёсӣ баҳо медиҳанд.