Ссылки доступа

Кумаки башардӯстонаи навбатии Узбекистон ба Афғонистон


Узбекистон ба Афғонистон 48 тонна орд, 48 тонна гандум, 15 ҳазор литр равғани растанӣ, 24 тонна шакар ва 22 тонна макарон фиристодааст.

Дар ҳукумати вилояти Сурхандарёи Узбекистон гуфтанд, ҳайати ин кишвар ба раҳбарии раиси вилоят Улуғбек Қосимов 25 апрел барои расонидани кумакҳо ба вилояти Балхи Афғонистон рафтааст.

Узбекистон баъди сари қудрат омадани гуруҳи Толибон чанд бор мешавад, ки ба Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад.

Толибон 15 августи соли 2021 Кобулро тасарруф карданд ва Тошканд 15 сентябри ҳамон сол ва моҳи апрели соли 2023 ба Афғонистон ҷамъан дар ҳаҷми 1300 тонна кумаки башардӯстона фиристодааст.

XS
SM
MD
LG