Ссылки доступа

Додхоҳии як гуруҳи қирғизистониҳо аз Ҷабборов баъди изҳороти шаҳрдори Бишкек


Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар ҳудуди боғи "Отатурк"-и шаҳри Бишкек қитъаҳои замин ва хонаҳоеро харидорӣ карда буданд, баъди изҳороти шаҳрдорӣ аз президенти ин кишвар Содир Ҷабборов дархости кумак карданд.

Яке аз соҳибони хонаҳо дар боғи мазкур Талантбек Исманов дар нишасти хабарие, ки 25 апрел дар Бишкек баргузор карданд, гуфт, баъди баргашт аз муҳоҷирати корӣ дар Русия дар ҳудуди боғ қитъаи заминеро харидорӣ карда, дар он хона бунёд кардааст.

Иштирдори дигари нишаст Бурул Рисалиева дар навбати худ иддаои шаҳрдории Бишкек дар бораи ғасби замини боғро рад кард. Вай гуфт, барои харидории замин дар ҳудуди боғ ӯ дар ватан ва шавҳараш дар Русия кор кардааст.

Яке аз қирғизистониҳои дигар, ки дар ҳудуди боғ хона харидааст, изҳор дошт, ки мақомоти Қирғизистон дар вақти харидории хонаҳо нагуфтанд, ки онҳо ғайриқонунӣ ҳастанд.

Шаҳрдори Бишкек Ойбек Ҷунушалиев 16 апрел дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳамаи иншооте, ки дар боғи "Отатурк"-и пойтахти Қирғизистон "ғайриқонунӣ" бунёд шудаанд, тахриб карда мешаванд.

Ҷунушалиев дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, қарори нав дар бораи боғи "Отатурк" бо раҳбарияти Қирғизистон мувофиқа шудааст.

XS
SM
MD
LG