Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кормандони як ширкати муҳофизатӣ маоши бештар талаб доранд


Кормандони ширкате, ки иншооти "Oil Construction Company"-ро дар кони Жетибойи вилояти Манғистауи Қазоқистон муҳофизат мекунанд, маоши бештар талаб доранд.

Даҳҳо корманди ширкат ба унвонии президенти Қазоқистон, раҳбарияти худ ва вилоят муроҷиатномаи видеоӣ нашр кардаанд.

Ба гуфтаи муҳофизон, 126 ҳазор тангае, ки ширкат ба онҳо медиҳад, барои таъмини нафақаи як хонавода дар пасманзари болоравии нархи тарифҳои хидматрасонӣ ва қиммати маҳсулоти ғизоӣ кофӣ нест.

"Мо дар маҳалли истихроҷи нафт, ки мушкили экологӣ вуҷуд дорад, кор мекунем. Ҳамаи маҳсулот дар Манғистау воридотӣ ҳастанд. Либос ва ғизо гарон аст. Хоҳиш мекунем, ки моҳонаи мо то ба 300 ҳазор танга афзоиш дода шавад", - гуфт яке аз муҳофизони норозӣ.

Дар ширкати муҳофизатии "Senim Guard" ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз талаби кормандони худ огаҳ ҳастанд, вале ҳаҷми маош аз корхонаи фармоишгар вобастааст

XS
SM
MD
LG