Ссылки доступа

Равуо дар қатораҳои Узбекистон то 40% гарон хоҳад шуд


Сар аз 15 май қимати билетҳои қатораи тезгарди Узбекистон "Афросиёб" гарон хоҳанд шуд. Дар ин бора ширкати "Роҳҳои оҳани Узбекистон" хабар дод.

Ширкат гуфтааст, ба хотири пӯшонидани харҷи масрафи неруи барқ, сӯзишворӣ, ҳамлу нақл, инчунин хариди қатораҳои нави тезгард қимати билетҳои қатораҳои "Афросиёб"-ро аз 20 то 40 дарсад боло мебарад.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ ширкати "Роҳҳои оҳани Узбекистон" қимати билетҳо дар қатораҳои "Афросиёб", "Шарқ", "Насаф" ва "Узбекистон"-ро 20 дарсад гарон карда буд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ширкати мазкур дар моҳи ноябри соли 2023 билети қатораҳоро аз 44 то 60 дарсад боло бурда буд.

XS
SM
MD
LG