Ссылки доступа

Дар Қирғизистон интихоботи миёндавраӣ баргузор шуд


Шоми 28 апрел овоздиҳӣ дар интихоботи миёндавраии порлумонӣ дар Қирғизистон ба охир расид.

Интихоботи миёндавраӣ дар се ҳавза - Бодканд, Ӯш ва Қара-Суу баргузор шуд.

Дар ин се ҳавза 29 номзад миёни ҳам рақобат мекарданд, ки миёнашон танҳо як зан буд.

Интихоботи миёндавраӣ дар Қирғизистон баъди он эълом шуд, ки вакилони порлумонӣ аз ин се ҳавза бо хоҳиши худ аз вакилӣ даст кашиданд. Бино ба хабари расонаҳои Қирғизистон, ин се вакил бо муовини пешини раиси хадамоти гумруки он кишвар Райимбек Матраимов робита доштаанд.

XS
SM
MD
LG