Ссылки доступа

Русия ба қирғизистоние, ки зидди Украина ҷангида буд, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад


Русия ба шаҳрванди Қирғизистон Аскар Кубаничбек уулу, ки барои иштирок дар ҷанг алайҳи Украина нахуст зиндонӣ ва сипас шартан озод шуд, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад.

Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк 27 апрел дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо 18 апрел санадҳои шаҳрванди Қирғизистонро барои додани паноҳгоҳи муваққатӣ дар ҳудуди Русия қабул кардаанд.

"Дар сурати асоси воқеӣ вуҷуд доштан масъалаи додани шаҳрвандии кишвари мо ба ӯ бар асоси тартиби муқарраршуда баррасӣ мешавад", - гуфт ӯ.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 24 январи имсол парвандаи Аскар Кубаничбек уулуро, ки пештар бо айби иштирок дар ҷангҳои Украина 10 сол зиндонӣ шуда буд, бозбинӣ ва шартан аз зиндон раҳо кард.

Тибқи маводи парванда, Кубаничбек уулу моҳи июни соли 2022 ба ҷанги зидди Украина рафтааст. Ӯ моҳи ноябри соли 2022 аз сафи нерӯҳо ихроҷ ва баъди баргашт ба Бишкек дастгир шуд.

Кубаничбек уулу дар додгоҳ гуфт, дар ҳайати неруҳои ҷудоихоҳ дар ҷумҳурии ба истилоҳ, Луҳанск хидмат мекард ва танҳо дар тақсими кумакҳои башардӯстона иштирок кардааст. Ба гуфтаи Кубаничбек уулу, вай ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия ба ҷанги Украина рафта буд.

XS
SM
MD
LG