Дар ин бора ин духтари ноболиғ пештар расонаҳои Русия низ навишта буданд. Мақомоти Русия ҳангоми "рейд" дар он фермаи мавриди назар 68 касро пайдо кардаанд, ки миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон будаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд, духтари ноболиғи қирғизистонӣ дар он ферма ҳамроҳи хоҳарбузургаш, ки соли таваллудаш 1988 аст, қарор дошт.
Тафтишҳои мақомоти Русия дар маконҳое, ки бештар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ онҷо кор мекунанд, баъди теракт дар "Крокус Сити Ҳол" сахттар шуд.