Ҷабборов дар ҷаласаи комисияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷониба ва форуми байналхалқии сармоягузорӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон ширкат мекунад.
Дар доираи ин чорабиниҳо мулоқотҳои дуҷониба дар назар аст.
Ба илова, дидори вай бо роҳбарони ширкатҳои байналхалқие дар назар аст, ки дар бахшҳои энержӣ ва сохтмон кор мекунанд.
Моҳи августи соли гузашта дар Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷаласаи даҳуми комисияи байнуҳукуматии ҳамкориҳои Қирғизистону Узбекистон баргузор шуда буд. Онҷо гуфта шуд, ки дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар 32 дарсад афзуда, ба 1 млрд 260 млн доллар расидааст.