Ссылки доступа

Як соҳибнуфузи дигари олами ҷиноии Узбекистон зиндонӣ шудааст


Дар ҷараёни боздоштҳои дастаҷамъӣ дар Узбекистон, ки 5 моҳ пеш таҳти унвони "40 рӯзи зарбдор" сурат гиифта буд, яке аз соҳибнуфузони дигари олами ҷиноӣ дар ин кишвар низ боздошт ва зиндонӣ шудааст.

Манбаъҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ дар додгоҳи шаҳри Тошканд гуфтанд, Лутфулло Умаров, маъруф ба "Зики эски шахар" 6 солу 2 моҳ аз озодӣ маҳрум гаштааст.

Дар бораи зиндонӣ шудани Умаров то ҳол расман иттилоъ дода нашудааст. Вале пулиси Тошканд 25 декабри соли гузашта хабар дода буд, ки Умаровро боздошт кардааст.

Ба гуфтаи манбаъҳои радио, Умаров дар истеҳсол, нигаҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста шудааст.

Лутфулло Умарови 52-сола ҳамроҳ бо соҳибнуфузони дигари олами ҷиноии Узбекистон, аз ҷумла Бузрук Бузрукови 38-сола, Салим Абдувалиеви 73-сола, маъруф ба "Салимбойбача", Саидазиз Сайдалиев ва Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба "Бахти Тошкандӣ" дастгир гашта буд.

Мушовири вазири умури дохилии Узбекистон Зокир Алматов 27 январи имсол гуфта буд, ки дар ҷараёни амалиёти "40 рӯзи зарбдор" беш аз 230 кас боздошт ва муҷозот шудааст.

XS
SM
MD
LG