Ду сокини деҳаи Моралдии Куршим 92-ҳазортангаӣ ва чаҳор нафари дигар 184-ҳазортангаӣ ҷарима шудаанд. Сокинони Куршим ҷаримаро як навъи фишори мақомот барои хомӯш сохтани онҳо медонанд.
Сокинони Моралдӣ, ки чандин сол мешавад, зидди бунёди корхонаи истихроҷи тило дар канори деҳаи худ ҳастанд, ахиран иттиҳодияеро ташкил кардаанд. Ба гуфтаи сокинони деҳа, онҳо ин иқдоми худро бо ҳукумати маҳаллӣ ҳамоҳанг карда буданд, вале иттиҳодияро сабтином накардаанд.
"Моро ба ташкили иттиҳодия худи ҳукумати маҳаллӣ ташвиқ кардааст. Гуфтанд, ки созмони худро ташкил карда, дар чаҳорчӯби қонун кор кунед. Мо ба вазирон ва раҳбарони ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардем, то ба камбудиҳо таваҷҷуҳ кунанд. Аммо дар Вазорати адлия иттиҳодияро сабтином накардаем. Бинобар ин, пулис мегӯяд, фаъолияти иттиҳодия ғайриқонунӣ аст. Мо танҳо аз вазъи зистмуҳтии минтақа изҳори нигаронӣ кардаем. Вале мақомот ба мо фишор меоранд, ки хомӯш бимонем", - изҳор дошт Жанат Қарибоева, яке аз сокинони ҷаримашудаи Қазоқистони Шарқӣ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ.
Ширкати "ВСАМ Продакшн", ки 10 сол мешуд, дар наздикиҳои Моралдӣ корҳои иктишофии экологӣ анҷом медод, соли 2022 тасмим гирифт, дар онҷо корхонаи истихроҷи тилоро бунёд кунад. Аммо сокинони деҳа зидди бунёди корхона ҳастанд.