Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд, барои ҷамъоварии пул дар мактабҳо ҷазо таъйин шавад


Вакили порлумони Қирғизистон Миргул Темирбаева пешниҳод кардааст, ки барои ҷамъоварии ғайриқонунии пул дар мактабҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ шавад.

Темирбаева мегӯяд, ба Кодекси маъмурии Қирғизистон бояд банди "Ҷамъоварии ғайриқонунии пул дар мактабҳои миёнаи умумии давлатӣ" ворид карда шавад. Ин банд ҷарима ба маблағи 20 ҳазор сомро пешбинӣ мекунад.

Дар сурати ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардани пул тавассути бунёде, ки дар мактабҳо ташкил шудааст, шахсони воқеӣ 40 ҳазор сом ва шахсони ҳуқуқӣ 60 ҳазор сом ҷарима хоҳанд шуд.

Темирбаева моҳи сентябри соли 2023 низ чунин пешниҳодро ироа карда буд. Он замон ҳаҷми ҷарима барои шахсони ҳуқуқӣ 7500 ҳазор сом (беш аз 80 доллари амрикоӣ) гуфта мешуд.

Расонаҳо баъд аз ин пешниҳод хабар доданд, ки Девони вазирони Қирғизистон бо содир кардани қароре ҷамъоварии пул дар мактабҳоро манъ кардааст. Президенти Қирғизистон низ аз Вазорати маорифи ин кишвар хост, монеи ҷамъоварии пул дар мактабҳо шавад.

XS
SM
MD
LG