Гурӯҳи кории мутахассисони Оҷонси мероси фарҳангии Узбекистон ба раҳбарии муовини додситони кулли он кишвар Шерзод Тухтабоев бо рафти корҳои барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ дар Бухоро, аз ҷумла масҷиди "Хоҷа Калон", мадрасаҳои "Ҳусайнӣ"-ву "Девонбегӣ" ва Қалъаи Арк шинос шудааст.
Дар пайи санҷиши корҳои анҷомёфта муайян гашта, ки масъулон ҳангоми барқарорсозӣ масҷиди "Хоҷа Калон" 731 миллион сӯм, дар мадрасаи "Ҳусайнӣ" 216 миллион сӯм ва дар мадрасаи "Девонбегӣ" 90 миллион сӯмро аз худ кардаанд.
Ба ҷуз ин, масъулони Маркази барқарорсозии ҳудудии Бухоро ҳисобот додаанд, ки ба маблағи 2,3 миллиард сӯм маҳсулоти сохтмонӣ харидорӣ кардаанд, вале дар асл ҳамаи ин маблағ аз худ карда шудааст.