Хадамоти матбуоти додситонии Туапсе хабар додааст, ки ҷамъан 15 муҳоҷири узбекистониро аз Русия ба ватан ихроҷ мекунанд.
Ба огаҳии додситонӣ, занозании гуруҳӣ рӯзи 24 апрел рух додааст. Баҳси лафзии муҳоҷирон, ки дар корхонаи коркарди нафте кор мекарданд, ба занозанӣ печидааст.
Дар занозанӣ 15 шаҳрванди Узбекистон иштирок кардаанд. Тавре маълум шуд, муноқиша дар заминаи маишӣ сар задааст.