Дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Рӯзи 2 май дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳангоми як маъракаи умумӣ мошини боркаше якбора 29 кӯдакро пахш кард. Инҳо кӯдакони аз 9 то 16-сола будаанд.
Ҳафт тани онҳо дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарӣ ҳастанд ва вазъи се танашон ниҳоят бад гуфта мешавад. 11 маҷруҳи дигар низ дар бемористон бистарӣ шудааст ва вазъи онҳо миёна арзёбӣ мешавад. Ба 11 тани дигар дар ҷои ҳодиса ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст.
Ронандаи 48-солаи мошини боркаш бо мақсади тақсим кардани яхмос ба хонандагон мошинашро дар наздикии онҳо гузоштааст. Мошин ба ҳаракат даромада, кӯдаконро пахш кардааст.