Хонум Кэтрин Смиттон корашро дар мақоми сафири Бритониё дар Душанбе, аз моҳи октябри имсол шуруъ мекунад. Ӯ қаблан дар намояндагиҳои дипломатии Бритониё дар Покистон, Катманду ва Алҷазоир кор кардааст.
Таини сафири нав дар Тоҷикистон баъди як ҳафта сафари вазири корҳои хориҷии Бритониё ба Душанбе сурат мегирад. Дэвид Кэмерон 22-юми апрел бо раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти баландпояи Тоҷикистон мулоқот карда, ҳамчунин ба неругоҳи “Норак” рафт.