Ссылки доступа

Оҷонси муҳоҷират: Узбекистониҳо бе монеа вориди Русия мешаванд


Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое дар бораи ба шаҳрвандони Узбекистон иҷозаи вуруд надодан ба Русия нашр шуданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешуд, ки дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои Русия шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба таври дастаҷамъӣ боздошт мекунанд.

Дар намояндагии Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Узбекистон дар Русия гуфтанд, дар натиҷаи суҳбат бо кормандони фурудгоҳҳои Внуково, Шереметево, Домодедовои шаҳри Москва муайян карданд, ки шаҳрвандони Узбекистон ҳангоми вуруд ба Русия ба мушкилие рӯ ба рӯ нашудаанд.

Ҳамчунин вазъи гузаргоҳҳои дигари Русия дар вилоятҳои Оренбург, Самара ва Саратов омӯхта шудааст, ки тавассути нақлиёти заминӣ муҳоҷирон аз ин вилоятҳо ба Русия ворид мешаванд.

"Муайян шуд, ки ин гузаргоҳҳои марзӣ мисли пешин кор мекунанд, шаҳрвандони Узбекистон бе ҳеч монеае вориди Русия мешаванд", - омадааст дар хабари Оҷонси муҳоҷирати Узбекистон.

2 май вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз шаҳрвандони он кишвар даъват кард, ки муваққатан ба Русия нараванд.

Пештар вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати меҳнати Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват карданд, ки "бе зарурати ҷиддӣ" муваққатан ба Русия нараванд. Вақтҳои ахир теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистонро аз гузаргоҳҳои марзӣ дар Русия ба ватан бармегардонанд.

XS
SM
MD
LG