Ссылки доступа

Тоҷикистон ва Узбекистон рафти аломатгузории марзро баррасӣ карданд

Ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи аломатгузории марзҳо аз 29 апрел то 4 майи имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Ҷонибҳо дар ҷаласа рафти корҳои аломатгузорӣ ва пешниҳодҳои дуҷониба дар бораи лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ кардаанд.

Дар поёни ҷаласа санад ба имзо расидааст. Қарор аст, ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кории ду кишвар дар ҳудуди Узбекистон баргузор шавад.

Ҷаласаи пешини гуруҳҳои корӣ дар Қашқадарёи Узбекистон баргузор шуда буд.

Тоҷикистон ва Узбекистон 1332 километр марзи мушатарак доранд. Таъйини хатти марзҳои давлатии ду кишвар соли 2019 пурра ба поён расида буд.

XS
SM
MD
LG