Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон ба Маскав меравад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 9 май дар паради низомӣ дар шаҳри Маскави Русия иштирок мекунад.

Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Муродбек Азимбоқиев гуфтааст, Ҷабборов як рӯз пеш аз паради низомӣ, 8 май дар саммити Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё дар Маскав иштирок мекунад.

"Дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё сарони давлатҳо ҳисобот дар бораи рафти иҷрои "Самтҳои стратегии рушди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё то соли 2025" ва Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии иттиҳод барои соли 2023"-ро хоҳанд шунид", - афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи Азимбоқиев, дар ҷараёни ин сафари Ҷабборов қабули қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла тасдиқи лоиҳаи протоколи табодули электронии иттилоот байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар назар аст.

XS
SM
MD
LG