Дар раддабандии имсола Узбекистон дар миёни 180 кишвари ҷаҳон мақоми 148-умро касб кардааст, ки назар ба нишондоди соли гузашта 11 зина поинтар аст.
Ин кишвар дар раддабандаии соли 2023 мақоми 137-умро ишғол карда буд, ки назар ба соли 2022 4 зина поин шумурда мешуд.
Дар гузориши «Хабарнигорони бидуни марз», ки дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот нашр шуд, гуфта мешавад, «вазъи расонаҳои хабарӣ дар Узбекистон пас аз марги раисҷумҳури он кишвар Ислом Каримов дар соли 2016 то андозае беҳтар шудааст», аммо «вазъ дар робита ба танқиди мақомдорон хеле мушкил боқӣ мемонад».
Гузоришгарон гуфтаанд, мақомоти Узбекистон матбуот ва як гуруҳи бузурги блогеронро сахт таҳти назорат қарор дода, дар расонаҳо «сензура ва худсензура» бартарӣ дода мешавад.
Ба Ҳукумати Узбекистон тавсия шудааст, ки барои манъи қонунҳои таъқибкунандаи расонаҳо бояд ислоҳот гузаронанд.
Дар раддабандии мазкур Қирғизистон дар мақоми 120-ум, Қазоқистон дар 142-ум, Тоҷикистон дар 155-ум ва Туркманистон дар мақоми 175-ум ҷой дода шудаанд.