Ссылки доступа

Дар Қазоқистон хадамоти кумаки фаврӣ ба занонро роҳандозӣ карданд


Дар Қазоқистон хадамоти кумаки фаврӣ барои занон ва кӯдакон - AMAN Online - роҳандозӣ шуд.

"Фикри сохтани ин барнома дар пайи мушкили бехатарии занон ва кӯдакон дар Қазоқистон пайдо шуд. Ҳамарӯза мо мебинем, ки дар хабарҳо дар бораи хушунат нисбати занон гуфта мешавад. Ман мехостам, худ ва дугонаҳоямро муҳофизат кунам", - гуфт муаллифи ин хадамот Аружан Медеи 26-сола.

Ба гуфтаи вай, барномаи сохтааш қурбонии хушунатро бо хадамоти хусусии муҳофизат пайваст месозад. Бино ба озмоишҳо, аз тамос то расидани кумаки фаврӣ 7-10 дақиқаро дар бар мегирад.

"Дар сурати таҳдид кардани хатар занон метавонанд тугмаи SOS-ро пахш кунанд, ки фавран кумакро даъват мекунад. Ҳангоми интизори расидани кумак будан барнома ҳамаи садоҳо ва наворҳои атрофро сабт мекунад", - нақл кард Аружан Меде.

Барномаи SOS барои бехатарии занон дар кишварҳои дигар ҳам мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG