Дар бораи пайдо шудани ҷасаде дар яке аз ҳавлиҳо дар ноҳияи Шароф Рашидови вилояти Ҷиззахи Узбекистон нахуст телевизиони Millar хабар дода буд.
"Ҷанҷол дар хонаи онҳо тамом намешуд. Соли 2022 ҷанҷоли ҷиддӣ шуд ва хоҳарам ба манзили волидон баргашт. Мо намедонем, ки вай чи гуна фавтидааст, аммо писари сесолааш гуфт, ки падараш бо калтак модарашро задааст", - нақл кард хоҳари зани кушташуда.
Дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.