Ссылки доступа

Дар Узбекистон 198 "босмачӣ"-и дигарро сафед карданд


Додгоҳи олии Узбекистон 6 май 198 касеро сафед кард, ки дар солҳои 20-30-уми асри гузашта аз сӯи низоми коммунистӣ бар асоси 11 парванда маҳкум шуда буданд.

Рӯйхати комили сафедшудаҳо дар сомонаи расмии Додгоҳи олии Узбекистон нашр шудааст.

Ба огаҳии Додгоҳи олии Узбекистон, қурбониён бо иттиҳомҳои "амалҳои зиддиинқилобӣ", "шӯриши мусаллаҳона", "терроризм", "авбошӣ" ва ҷосусӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Хоразм, Бухоро, Ҷизах ва Намангони он кишвар маҳкум шудаанд.

Додгоҳи Узбекистон моҳи августи соли 2023 низ панҷ парвандаро бозбинӣ ва 240 таъқибшудаи дигарро бегуноҳ эълом карда буд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон моҳи августи соли 2021 гуфта буд, ки дар даврони СССР 100 ҳазор узбекистонӣ таъқиб ва аз онҳо 13 ҳазорашон парронида шуда буданд. Дар Узбекистон 31 август Рӯзи гиромидошти қурбониёни таъқибҳо унвон шудааст.

XS
SM
MD
LG