Ссылки доступа

Узбекистон бори дигар дар садри ҷадвали содиркунандагони тило қарор гирифт


Моҳи марти имсол Узбекистон бори дигар дар садри ҷадвали кишварҳое қарор гирифт, ки бештарини тилоро дар дунё содир кардаанд. Ба иттилои Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тило (World Gold Council), моҳи март ин кишвар 11 тона тило содир карда, аз Тайланд (10 тона) ва Урдун (4 тона) пеш гузаштааст.

Ба иттилои World Gold Council, моҳи март Бонки марказии Туркия 14 тона тило, Ҳинду Чин 5-тонаӣ ва Қазоқистону Сингапур 4-тонаи тило харидаанд.

Моҳи марти имсол низ Узбекистон бо содир кардани 12 тона тило дар садри кишварҳои содиркунандаи тило қарор гирифта буд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Узбекистон дар соли 2023 бо содир кардани 25 тона тило дар мақоми дувуми кишварҳои содиркунандаи тило ҷо гирифта буд.

XS
SM
MD
LG