Ссылки доступа

КМИР Қирғизистон мандати вакилии Шайлообек Атазовро бекор кард


Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Қирғизистон 7 май мандати вакилии Шайлообек Атазовро бекор карданд.

Раиси комиссия Нуржан Шайлдабекова дар ҷаласаи 7 май гуфт, ин тасмим бар асоси қарори Додгоҳи олии Қирғизистон гирифта шудааст.

Додгоҳи олии Қирғизистон 30 апрел ба баҳси Абдураҳмонҳоҷӣ Муртазоалиев ва Шайлообек Атазов, ки соли 2022 дар интихоботи порлумонии ин кишвар дар ҳавзаи якмандатии Свердловск номзад буданд, нуқта гузошта, қарори комиссия дар бораи манъи қайди номзадии Муртазоалиевро бекор кард.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек низ 1 марти имсол қарори ҳамсон содир карда буд.

Атазов дар навбати худ аз болои қарори додгоҳи Бишкек шикоят карда, гуфта буд, ки он ғайриқонунӣ ба нафъи Муртазоалиев содир шудааст.

XS
SM
MD
LG