Ба гуфтаи вазири меҳнати Қирғизистон Гулнора Баатирова, кумаки якдафъаинаро иштирокдорон, маъюбон, муҳосирамондагони Ленинград ва зиндониёни ноболиғи урдугоҳҳо дарёфт мекунанд. Ин гуна афрод дар маъҷум дар Қирғизистон 41 тан будааст.
Пештар аз ин вазорати мазкур хабар дода буд, ки дар саросари Қирғизистон 39 иштирокчии Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Иштирокдорон ҳармоҳа дар ҳаҷми 7 ҳазор сом кумакпулӣ ва 10 ҳазор сом идрорпулии доимӣ пайдо мекунанд.
Дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, солҳои 1941-1945 аз Қирғизистон наздики 360 ҳазор кас иштирок карданд ва бештар аз 90 ҳазори онҳо кушта шуданд.