Ссылки доступа

"Ҳассос", вале "асосӣ". Раҳмон ба Путин дар бораи муҳоҷирон чӣ гуфт?


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи муҳоҷирони кориро дар Русия "ҳассос" ва дар айни замон "муҳиму асосӣ" хонд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми май дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин гуфт, "имрӯз мехоҳам баъзе аз масъалаҳоро бо Шумо баррасӣ кунам, бахусус масъалаи муҳоҷирони кориро. Ин мавзуъ барои мо ҳассос ва яке аз масъалаҳои асосӣ аст."

Мулоқот дар шаҳри Маскав гузашт. Ҷое, ки оқои Раҳмон барои ширкат дар Рӯзи пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ва нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рафтааст.

Вай мавзӯи муҳоҷирони тоҷикро дар ҳоле дар миён гузошт, ки пас аз ҳамлаи 22-юми март ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав тафтишу боздошт ва ихроҷи онҳо афзудааст. Тоҷикистон чунин бархӯрдро номуносиб донист ва аз шаҳрвандонаш хост, бе зарурат ба Русия нараванд. Таҳаввулоти охирро аз аломатҳои тира шудани робитаҳои Тоҷикистону Русия медонистанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбе бори дигар Русияро шарики стратегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон донист ва таъкид кард, ки Душанбе ин мавқеашро тағйир доданӣ нест.

"Албатта, душманон мехоҳанд, бо роҳҳои гуногун моро ҷанҷол андозанду пароканда кунанд, вале Шумо медонед, ки Русия шарики стратегӣ ва ҳампаймони мост. Пойгоҳи калонтарини низомии Русия берун аз қаламраваш маҳз дар Тоҷикистон аст. Мо ин қадар сол мавқеамонро дигар накардем ва дигар карданӣ нестем," -- гуфт Раҳмон.

Владимир Путин дар навбати худ муносибатҳои Русияро бо Тоҷикистон "дар бисёр бахшҳо", аз ҷумла иқтисод, дар ҳоли рушд номид. Вай гуфт, "Русия шарики асосии тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мемонад."

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд. Намояндагони мухолифон ҳукумати Тоҷикистонро барои он танқид мекунанд, ки дар бештар аз сӣ сол натавонистааст мардумро бо кору маоши муносиб дар кишвар таъмин намояд.

XS
SM
MD
LG