Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ба мухолифони бунёди истихроҷи тило дар Маралдӣ фишор меоранд


Жанат Карибоева
Жанат Карибоева

Маъмурони пулиси вилояти Қазоқистони Шарқӣ хонаи сокини деҳаи Маралдии вилоят Жанат Карибоеваро бозҷӯӣ ва телефони дастии ӯро мусодира кардаанд.

Дар ин бора худи Карибоева ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дода, бозҷӯии манзили зисташро як навъи фишор дар робита ба эътирози ӯ зидди сохтмони корхонаи истихроҷи тило дар канори Маралдӣ номидааст.

"Моро моҳи гузашта ба иштирок дар фаъолияти иттиҳодияи сабтиномнашуда муттаҳам карданд. Ба хона омада, гуфтанд, муҳри иттиҳодияро меҷӯянд, вале пайдо накарданд. Онҳо гуфтанд, хонаи чанд тани дигарро ҳам кофтукоб мекунанд. Телефони маро ҳам бо худ бурданд. Дертар бо ҳомиёни ҳуқуқ суҳбат кардам, онҳо гуфтанд, ки ман ҳақ доштам, телефони мобилиамро танҳо дар ҳузури вакили дифоъ ба онҳо диҳам", - изҳор дошт ӯ.

Ахиран пулиси Қазоқистон 6 сокини ноҳияи Куршими вилояти Қазоқистони Шарқиро барои "иштирок дар фаъолияти иттиҳодияи сабтиномнашуда" ҷарима кардааст.

Сокинони Моралдӣ, ки чандин сол мешавад, зидди бунёди корхонаи истихроҷи тило дар канори деҳаи худ ҳастанд, ахиран иттиҳодияеро ташкил карда буданд. Ба гуфтаи сокинони деҳа, онҳо ин иқдоми худро бо ҳукумати маҳаллӣ ҳамоҳанг карда буданд, вале иттиҳодияро сабтином накардаанд.

Ширкати "ВСАМ Продакшн", ки 10 сол мешуд, дар наздикиҳои Моралдӣ корҳои иктишофии экологӣ анҷом медод, соли 2022 тасмим гирифт, дар онҷо корхонаи истихроҷи тилоро бунёд кунад. Аммо сокинони деҳа зидди бунёди корхона ҳастанд.

XS
SM
MD
LG