Лоиҳаи қарори вазорат дар ин замина ба баррасии умум ироа гаштааст.
Тибқи қарор, воридоти тухми мурғ ба Қирғизистон ба муҳлати 6 моҳ манъ карда мешавад. Аммо ин қарор ба транзити тухм тавассути қаламрави Қирғизистон дахл надорад.
Дар вазорат гуфтанд, ҳадаф аз ин маҳдудият таъмини амнияти ғизоӣ, дастгирии соҳибкорони дохилӣ ва ба эътидол овардани нархи бозори маҳсулоти ғизоӣ дар Қирғизистон аст.