Ин пешниҳодро Мунира Қарива, мудири ширкат ва модари сардори пешини Оҷонси рушди бахши дорусозии Узбекистон Сардор Қариев ба Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Тошканд кардааст.
"Мехоҳам имкониятҳои иқтисодии ширкатро, ки дар ҳоли ҳозир раҳбарӣ мекунам, ба пардохти ҷуброни муайян кардаи додгоҳ равона созам, то каме ҳам бошад ғаму андуҳи волидоне, ки фарзандони худро аз даст додаанд, ва ҳукми писари ман сабуктар шавад", - изҳор доштааст Қариева дар додгоҳ.
Додгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон моҳи феврали имсол дар доираи парвандаи марги наздик ба 70 кӯдакро аз доруи "Док-1 Макс" мудири пешини Оҷонси рушди бахши дорусозии Узбекистон Сардор Қариев 18 сол, муовинонаш Амирхон Азимову Нодирбек Мусоев 16-солӣ ва мудири пешини ширкати "Quramax Medikal" Рагвендра Пратар 20 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Худи Қариев дар додгоҳ гуфта буд, ӯро айбдор мекунанд, ки дастур додааст, доруи "Док-1 Макс" санҷида нашавад. "Чунин набуд ва ман чунин дастуре надодаам", - изҳор дошт вай.
Дар Узбекистон моҳи декабри соли 2022 ҷамъан 69 кӯдак аз истеъмоли шарбати “Док-1 Макс”, ки аз сӯи ширкати "Marion Biotech" истеҳсол мешуд, ҷон доданд. Баъди ин фурӯши доруи мазкур дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд.
Хадамоти амнияти Узбекистон дар робита ба марги кӯдакон парвандаи ҷиноӣ боз кард.