Темиров бо нашри чанд акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки кормандони боздоштгоҳ 5 апрели имсол ҳамсари ӯро латтукӯб кардаанд. Аммо дар Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон гуфтанд, хабари паҳнкардаи Темиров "ҳақиқат надорад".
Ба иттилои хадамот, рӯзи 5 апрел қарор шуд, ки яке аз ҳамутоқҳои Тоҷибек қизӣ ба утоқи дигар интиқол дода шавад. "Аммо онҳо талаби қонунии кормандони боздоштгоҳро иҷро накарданд. Аз ҷумла, Тоҷибек қизӣ ҳамроҳ бо боздоштшудаҳои дигар зиндониёнро ба нофармонии оммавӣ даъват кардаанд", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон.
Ба гуфтаи масъулони зиндон, дертар, ҳангоми муойинаи тиббӣ дар дастони Тоҷибек қизӣ осори латтукӯб мушоҳида шудааст, ки гӯиё онро ҳамутоқонаш бо хоҳиши худи ӯ ба хотири "саҳнасозӣ ва бадном кардани кормандони боздоштгоҳ" анҷом додаанд.
Муҳаббат Тоҷибек қизӣ яке аз 11 рӯзноманигори боздоштшудааст, ки дар таҳқиқҳои фасодкорӣ дар Қирғизистон иштирок доштанд.
Додгоҳи шаҳрии Бишкек рӯзи 1 апрел шикояти вакилони Муҳаббат Тоҷибек қизӣ ва рӯзноманигорони пешини тарҳи Temirov Live Жоодар Бузумову Оқтилек Капаровро қонеъ накард ва қарори додгоҳи зинаи поёниро, ки хоста буд онҳо то 13 май дар боздошт монанд, бе тағйир боқӣ гузошт.