Ссылки доступа

Як шаҳрванди Русия барои занозанӣ дар дохили ҳавопаймои "Маскав-Тошканд" ҳабс шудааст


Мусофири хатсайри “Маскав-Тошканд”, ки дар дохили ҳавопаймо занозанӣ карда буд, боздошт шудааст.

Сухангӯи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов гуфт, боздоштшуда шаҳрванди Русия аст ва баъди нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Тошканд дастгир гаштааст.

Ба гуфтаи Обидов, шаҳрванди 39-солаи Русия А.М. 12 май дар дохили ҳавопаймое, ки аз Маскав ба Тошканд парвоз мекард, дар ҳолати мастӣ занозанӣ кардааст.

Зидди А.М. бо бандҳои “Майдаавбошӣ” ва “Итоат накардан ба талаби қонунии корманди ҳифзи ҳуқуқ” санад тартиб ва ба додгоҳи шаҳри Тошканд фиристода шудааст.

Додгоҳ 13 май шаҳрванди Русияро 3 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ва 340 ҳазор сӯм ҷарима кардааст.

XS
SM
MD
LG