Дар лоиҳаи қонун пешниҳод шуда, ки барои саркашӣ аз тарк кардани Қирғизистон, надоштани иҷозатномаи зист ё истифодаи иҷозатномае, ки муҳалаташ сипарӣ шудааст, аз 5500 то 20000 сом ҷарима таъйин шавад.
Ҳаҷми ҷарима вобаста ба муҳлате хоҳад буд, ки шаҳрванди хориҷӣ дар Қирғизистон ғайриқонунӣ ба сар бурдааст. Дар сурати қабули қонун, шаҳрвандони хориҷие, ки беш аз як сол дар Қирғизистон ғайриқонунӣ зиндагӣ кардаанд, 20 ҳазор сом ҷарима карда мешаванд.
Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, ҳаҷми ҷаримае, ки ҳоло барои нақзи қоидаҳои будубош дар Қирғизистон пешбинӣ шудааст, ночиз мебошад.
Ҳукумати Қирғизистон теъдоди квотаи муҳоҷирони кории хориҷиро барои соли 2024 дар ин кишвар то ба 25 ҳазор кас афзоиш дод. Аммо коршиносон мегӯянд, теъдоди воқеии онҳо чанд баробар бештар аст.