Ссылки доступа

Фаъоли қазоқистонӣ ҳангоми назарпурсӣ дар бораи Тоқаев боздошт ва ҷарима шуд


Фаъоли мадании қазоқистонӣ Элвира Бекзодина барои "итоат накардан ба корманди ҳифзи ҳуқуқ" 110 760 танга (250 доллар) ҷарима шудааст.

Бекзодина 12 май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон боздошт ва чанд соат дар шуъбаи пулис нигаҳдорӣ шудааст.

Ба иттилои бунёди ҳомии ҳуқуқи "Qaharman", фаъоли маданиро 12 май ҳангоми назарпурсӣ дар мавзуи "Панҷ дастоварди Қосимҷомарт Тоқаев дар панҷ соли президентияш" дастгир кардаанд.

Бунёди "Qaharman" гуфтааст, пулис Бекзодинаро бо истифода аз нерӯ дастгир кардааст. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ на худро муаррифӣ кардаанд ва на сабаби боздошташро шарҳ додаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, боздошт ва ҷаримаи фаъоли маданӣ ангезаи сиёсӣ дорад.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 17 май 71-сола мешавад. Фаъолони мухолифи ин кишвар тасмим гирифтанд, ки дар арафаи зодрӯзи Тоқаев аз сокинон дар бораи дастовардҳои ӯ бипурсанд.

XS
SM
MD
LG