- Соати 2-миллиондолларии домоди президент аз куҷост? Як акси Отабек Умаров, домоди раиси ҷумҳури Узбекистон, баҳс барангехт. Дар ин акс ходими соҳаи варзиш ва муовини раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон бо соати "Richard Mille RM UP-01 Ferrari" тасвир ёфтааст. Корбарон пурсидаанд, ки Умаров чӣ гуна соати 2-миллиондолларӣ харид? (видео)
- Таҳдиди селу тарма ва фурӯравии замин ба 72 ҳазор оила. Зиёда аз ҳазору дусад минтақа дар Тоҷикистон зери хатари офатҳои табиӣ эълон шуданд. Ба онҳо селу баҳман ё тарма, ярчу сангрез ва фурӯравии замин таҳдид мекунад. (видео)
- Яке пахта мехоҳад, дигарӣ не. Сабаб чист? Чанде аз деҳқонони вилояти Суғд аз он шиква доранд, ки мақомот онҳоро дар нимаи баҳор маҷбур кардаанд, ки пахта бикоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишоварзон солҳои пеш аз ҳисоби пахта фоидаи кам ва ба сабаби камии дору ҳосили андак мегирифтанд. (видео)
- Оби дарёи Панҷ баланд шудааст, хатараш чист? Оби дарёи Панҷ, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад, дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бештар ҷорӣ шуда, соҳилҳоро хароб мекунад. Сокинон аз он нигаронанд, ки агар вазъ чунин идома ёбад, эҳтимол садҳо гектар замини кишту хона зери об бимонад. (видео)
- Созиши нави Душанбе ва Тошканд кай ба иҷро медарояд?Ронандаҳои боркаш мехоҳанд, ки созишномаи нав байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи лағви рухсатномаи гузаштан аз сарҳад ҳарчӣ зуд татбиқ шавад. Ин рухсатнома чандин муддат боз вуҷуд дорад, вале хариду фурӯши он дар солҳои охир баҳсбарангез гардидааст. (видео)
- Дар Бишкек мехоҳанд, троллейбусҳоро бо электробусҳо иваз кунанд. (видео)
- Аз Қубодиён ба Лос-Анҷелес тавассути Маскав ва Мадина. Қаҳрамони шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" сокини 26-солаи деҳаи Гулбоғи Қубодиён аст, ки ҳоло дар Лос-Анҷелеси ИМА тиҷорати худро раҳандозӣ кардааст. (видео)
- Чаро дар Хатлон шифохонаи хоси кӯдакон нест? Дар Хатлон, ки сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон аст, шифохонаи махсус барои кӯдакон нест. Волидоне, ки бачаҳояшон бемор мешаванд, шикоят мекунанд, ки як шуъбаи кӯдакона дар шифохонаи вилоятӣ барои аҳолии чанд миллионнафарӣ кофӣ нест ва бояд барои муолиҷаи тифлон шифохонаи бузургтаре бунёд шавад. (видео)
- Ҳуҷуми малах ба заминҳои кишоварзии Хатлон. Дар ҳамин ҳол дар вилояти Хатлон кишоварзони зиёде аз дасти малах ба дод омадаанд. Онҳо мегӯянд, агар мақомот дар маҳви ин ҳашароти зиёновар ба онҳо кӯмак накунад, ҳазорон хонавода аз ҳосили зироаташон маҳрум ва фақиру бенаво мешаванд. (видео)
- Раҳпаймоии Полки абадӣ дар Душанбе камранг шуд. Рӯзи 9-уми май дар Душанбе пирӯзиро бар Олмони фашистӣ таҷлил карданд. Аммо яке аз ҷузъҳои ин ҷашн, ки қаблан бо шукуҳу ҳузури мардуми зиёд баргузор мешуд, мисли солҳои пешин набуд. Раҳпаймоии Полки ҷовидон имсол фақат 10-20 нафар дошт. Чаро? (гулчин)
- Ба садҳо муҳоҷир дар Петербург патент надоданд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, мақомоти рус ба шаҳрвандони кишварҳои дигар патент медиҳанд, вале бе ҳеч далел дархости шаҳрвандони Тоҷикистон рад мешавад (видео)
- Дар Варзоб мардеро меҷӯянд, ки ҳангоми сел нопадид шуд. Дар пайи борони шадиду омадани сел дар Варзоб як сокини ноҳия бо чорвояш нопадид шудааст. Пайвандони ин чӯпон мегӯянд, чанд рӯз боз ӯро ҷустуҷӯ доранд, аммо бенатиҷа. Онҳо аз кори мақомот ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз бетаваҷҷӯҳии мардум ба ҳушдорҳо аз хатари селу обхезӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. (видео)
- "Ба писарам насиҳат мекардам, ба роҳи рост рав". Волидони Ҷумъахон Қурбонови 21-сола аз ноҳияи Фархор, ки дар пайванд ба ҳамла дар Маскав дастгир шудааст, мегӯянд, аз сарнавишти фарзандашон хабар надоранд (видео)
- Муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд. Манъу маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия идома дорад. Дар вилояти Курск ҳам муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд. Волии вилоят гуфтааст, 82 дар сади мардум хостаанд, муҳоҷирон ронандаи таксӣ набошанд. (видео)
- Сел ду зану як пирамарди тоҷикро кушт. Бедодгарии табиат дар чандин шаҳру минтақаи Тоҷикистон аз дирӯз идома дорад. Бино ба иттилои расмӣ дар пайи борону сел се нафар, аз ҷумла як зани 20 сола дар Суғд фавтидааст (видео)