Ссылки доступа

Қатъи парвандаи "Дедовшина" дар як қисми низомии Қазоқистон


Парвандаи ҷиноие, ки дар асоси шикояти сарбози қисми низомии "3660"-и Қазоқистон Сапархон Кауинбой дар робита ба меҳтарсолорӣ (дедовшина) боз гашта буд, қатъ шудааст.

Муфаттиш Адилет Айдарбаев мегӯяд, далеле вуҷуд надорад, ки мавриди меҳтарсолорӣ қарор гирифтани Сапархон Кауинбойро собит кунад.

Дар фармондеҳии минтақавии "Ҷануб"-и Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфтанд, даст ба қонуншиканӣ задани сарбозон "тасдиқи худро наёфт".

Аммо ба гуфтаи падари сарбоз Ғанӣ Алтаев, тафтишот беғаразона анҷом нашудааст. Ӯ гуфт, ду ташхиси судӣ-тиббӣ осори латтукӯб дар сари писарашро тасдиқ кард.

Сарбози қисми низомии "3660" моҳи декабри соли гузашта дар шикояти худ гуфта буд, ки ҳамхидматонаш аз ӯ пул талаб мекунанд, ба сараш мезананд ва маҷбур мекунанд, ки ба онҳо либос харад. Вай номи чанд сарбозеро зикр карда буд, ки дар қисми низомии мазкур хидмат мекунанд.

XS
SM
MD
LG