Видеои ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Дар он дида мешавад, нозири Горди миллии Узбекистон ба рӯйи яке аз хонандаҳои синфи болоӣ шапотӣ мезанад.
Горди милли Узбекистон гуфтааст, ҳодиса дар мактаби миёнаи рақами 49-и Қуштеппа рух дода ва нозири равоншинос аз мақом барканор шудааст.
Пештар президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки нозирони равоншинос дар мактабҳои миёна, ки дар гузашта аз Вазорати умури дохилии Узбекистон таъйин мешуданд, минбаъд аз Горди миллӣ баргӯзида мешаванд.
Фаъолони маданӣ дар Узбекистон гуфтанд, ки ҷалби низомиён ва истифода аз нерӯ дар ҳалли мушкилоти соҳаи маориф натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.