Вазорати сохтмони Узбекистон гуфт, бино ба далели нодуруст кофтани таҳкурсии иншооте, ки бояд дар ҳамсоягияш бунёд шавад, осеб дидааст.
Шаҳрдории Ҷумъа гуфтааст, дар натиҷаи фурӯрезии бино касе осеб надидааст.
Додситонии кулли Узбекистон дар робита ба ин ҳодиса бо банди «Қасдан нобуд кардани амволе, ки боиси зарари калон мешавад», парванда боз кардааст.
Молики бино ҳаҷми зарари расидаро 300 ҳазор доллар арзёбӣ кардааст.