Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон дархости ғайриқонунӣ номидани манъи рӯймол дар мактабҳоро баррасӣ накард


Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон шикояти сокинон алайҳи банди фармони вазири маорифи ин кишвар дар бораи либоси ягонаи мактабиро баррасӣ накард.

Ин ниҳод дар шарҳи қарори худ гуфтааст, аз таъйин, таҳқиқ ва тафтиши масъалаҳое, ки ба салоҳияти додгоҳу мақомоти давлатии дигари Қазоқистон шомил мешаванд, худдорӣ мекунад.

Ба назари волидон ва вакилони дифои онҳо, ин қарор бозгӯи он аст, ки додгоҳ танҳо намехоҳад масъалаи мазкурро баррасӣ кунад.

Волидони як гуруҳ аз хонандаҳо дар Қазоқистон 14 май ба Додгоҳи конститутсионии ин кишвар шикоят карданд, ки фарзандони онҳоро бо рӯймоли сафед ба дарс роҳ намедиҳанд.

Онҳо аз додгоҳ дархост карданд, банди 13 фармони вазири маорифи Қазоқистонро, ки вуруди хонандагон бо рӯймоли сафедро ба дарсҳо манъ мекунад, ғайриконститутсионӣ эълом кунад.

Дар ҳоли ҳозир ба додгоҳҳои шаҳру вилоятҳои Қазоқистон 13 шикоят бо талаби ғайриқонунӣ номидани банди фармони вазири маорифи ин кишвар, ки даромадани духтарон ба дарсро бо рӯймол манъ мекунад, ворид шудааст.

Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон низ моҳи декабри соли 2017 шикояти даҳҳо падару модареро қонеъ накард, ки мегуфтанд, қарори раҳбарияти мактабҳо барои роҳ надодани духтаронашон бо рӯймол ба дарс ғайриқонунӣ аст.

Дар Қазоқистон чанд сол пеш маъракаи зидди пӯшидани ҳиҷоб роҳандозӣ шуд. Мақомоти он кишвар гуфтанд, манъи ҳиҷоб дар мактбаҳо барои мубориза бо тундгароӣ зарур аст.

XS
SM
MD
LG