Додситонии кулли Озарбойҷон хабар дода, ки дархости Додситонии кулли Узбекистон дар бораи боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани шаҳрванди 32-солаи Украина Арсен Калдарару Абдураҳмон Қаюмов, узбекистонии 44-соларо қонеъ кард.
Калдарар ва Қаюмов бо гумони қаллобӣ таҳти пайгард қарор доштанд. Онҳо моҳи феврали имсол дар Озарбойҷон боздошт ва ҳабс шуда буданд.
Боздоштшудаҳо ба мақомоти дахлдори Узбекистон таслим карда шудаанд.