Ссылки доступа

Амри додгоҳи Русия дар бораи 8 тоҷики гумонбар ба ҳамла ба "Крокус"


Муҳлати ҳабси ҳашт зодаи Тоҷикистон, ки ба ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия гумонзад ҳастанд, се моҳи дигар тамдид (дароз) шуд.

Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 16-уми май дар қарорҳои ҷудогона гуфт,

  • Муҳаммадсобир Файзов
  • Далерҷон Мирзоев
  • Саидакрам Раҷабализода
  • Фаридуни Шамсиддин
  • Лутфуллои Назримад
  • Ҷумъахон Қурбонов
  • Ёқубҷон Юсуфзода
  • Муҳаммад Шарифзода

то 22-юми августи имсол дар Боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳанд монд.

Мақомоти Русия ҳамаи онҳоро ба "амали террористӣ" муттаҳам медонанд, вале дар ин миён Далерҷон Мирзоевро шахсе номбар кардаанд, ки "дар анҷоми амали террористӣ мустақим ширкат дошт".

Наздикони чанде аз онҳо дар Тоҷикистон ба иттиҳоми эълоншуда бовар надоранд. Худи онҳо низ хоҳони бозбинии парванда шуданд, аммо посухи мусбат нагирифтанд.

Бар асоси қонунҳои Русия, муфаттишон бояд то охири моҳи август айби онҳоро дақиқ карда, парвандаро барои баррасӣ ва эълони ҳукм ба додгоҳ фиристанд. То ин дам мақомоти Русия далеле пешниҳод накардаанд, ки даст доштани зодагони Тоҷикистонро дар ҳамла исбот кунад. Шубҳаҳо дар бораи ин ҳодиса зиёд аст ва мақомоти Русия ба ҳеч кадоми онҳо посухи рӯшан надодаанд.

Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун сездаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Дувоздаҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.

XS
SM
MD
LG