Маъмурони пулисе, ки ба маҳалли кори фаъоли маданӣ даъватномаро бурданд, гуфтаанд, ки дар сурат ихтиёран ҳозир нашудан ӯро иҷборан хоҳанд бурд.
Тавре аз гуфтаҳои кормандони пулис маълум шудааст, ба даъвати Кабиева ба шуъбаи пулис матлабҳое сабаб шудаанд, ки дар робита ба мухолифи қазоқ дар Интернет нашр гаштаанд.
Кабиева мегӯяд, мақомоти Қазоқистон вайро барои мавқеи фаъоли шаҳрвандияш, ҷонибдорӣ аз маҳбусони сиёсӣ ва дастгирии аъзои гуруҳи ташаббускор дар бораи таъсиси ҳизби мухолифи "Алға Қазоқистон" таъқиб мекунанд.
Ба гуфтаи фаъоли қазоқ, маъмурони пулиси Қазоқистон қаблан низ ба назди вай рафта, дар бораи Аблязов чанд суол пурсида буданд.
Мухтор Аблязов, раиси пешини Бонки "БТА"-и Қазоқистон аз соли 2009 ба ин тараф дар хориҷ зиндагӣ дорад. Ӯро дар ватан ба дуздии пулҳои бонки таҳти раҳбарияш муттаҳам мекунанд.
Худи вай иттиҳомҳои эълонкардаи мақомоти ҳифзи қонуни Қазоқистонро рад карда, мегӯяд, бонкро худи мақомоти Қазоқистон ғасб карданд.